Мулоқоти судманд бо устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг

Санаи 16 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг бо иштироки раиси Суди ноҳияи Ховалинг муҳтарам Наимзода Фарҳод Абдулғафор, судяи Суди ноҳияи Ховалинг Аёмзода Одинашоҳ Давлат, устодон ва донишҷӯён мулоқоти судманд гузаронида шуд.

  

Дар рафти мулоқот мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, фаҳмонда дода шуд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот оиди пешгирии ҷиноятҳои экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба хусус даст задани ҷавонон ва наврасон ба ин гуна кирдорҳо,  шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва пешгирии дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.